Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Бишкек мулоқоти АвруОсиё баргузор мешавад


10-уми октябр дар Бишкек-пойтахти Қирғизистон мулоқоти раҳбарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Иқтисодии АвуОсиё баргузор мешавад. Дар ҷаласаи Шурои Байнидавлатӣ 15 санади ҳамкорӣ, аз ҷумла ташкили иттиҳоди гумрукӣ ва иҷоди фазои ягонаи иқтисодӣ баррасӣ мешавад. Дар Созмони Ҳамкории Иқтисодии АвуОсиё Руссияву Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистону Узбакистон узвият доранд. Дар мулоқоти Бишкек Молдоваву Укроин ва Арманистон ба унвони нозир ширкат мекунанд. Дар ин мулоқот Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон ширкат мекунад. Имруз барои ширкат дар умури омодагӣ ба мулоқоти раҳбарон Ҳамроҳхон Зарифӣ-вазири хориҷаи Тоҷикистон вориди Бишкек шуд.

XS
SM
MD
LG