Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Намоишгоҳи байнулмилалии «Тандурустӣ - DIHE-2008» субҳи имрӯз дар Душанбе - пойтахти Тоҷикистон ба кор шурӯъ кард.

Дар намоишгоҳи мазкур ҳудуди 30 ширкати дорусозӣ аз 14 кишвари ҷаҳон овардаанд. Барои нахустин бор дар намоишгоҳи «Тандурурстӣ», ки дар шаҳри Душанбе мегузарад, ширкатҳои бонуфузтарини дорусозии кишвари ҳамсояи Чин маҳсулоти худро ба маъраз гузоштаанд. Аммо, бино ба гуфтаи аз ширкаткунандагони ин намоишгоҳ, дар аксар маворид намояндагони ширкатҳое, ки ба Тоҷикистон дору ворид месозанд, бештар ба маҳсулоти ширкатҳои начандон шинохтаи ҷаҳон ҳамкорӣ мекунанд ва бештар дунболи доруву таҷҳизоти тиббии арзону тақаллубӣ мераванд.

Дар ин намоишгоҳ ширкатҳои бонуфӯз аз кишварҳои Венгрия, Белгия, Ирон, Русия, Укроин, Шветсия, Арманистон, Ҷопон, Олмон, Белорус, Туркия ва низ чанде аз кишварҳои минтақа - Қазоқистон, Узбакистон ва Тоҷикистон анвоъи дорувор ва таҷҳизоти муосири тиббии худро ба маъраз гузоштанд.

Владислав Мичкин, намояндаи ширкати дорусозии финии «Перкин Елмер», дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ширкати онҳо ба Тоҷикистон беш аз 20 номгӯи таҷҳизоти ташхисиву табобатии бемориҳои кӯдаконаро овардааст, ки дар шароити кунунӣ барои Тоҷикистон ниҳоят зарур аст, зеро то ҷое ӯ огаҳ аст, ин кишвар имкони ташхиси бемориҳои шадиди кӯдаконаро аз қабили сактаи қалб, ҷоғар, бемориҳои камхунӣ, асаб ва ҳоказоро дар ҳафтаҳои аввали ба дунё омадани кӯдак надорад.

Оқои Мичкин афзуд, мутаассифона, ӯ бори дуввум аст, ки бо ин таҷҳизоти навтарин ширкаташ ба Тоҷикисон меояд, аммо аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон, кӯшишиҳое дар роҳи ҳамкорӣ бо ин ширкат дида намешавад. Ин ҳам дар ҳолест, ки мегӯяд оқои Мичкин вазорти тандурустии Тоҷикистон ду соли пеш хостори ҳамкорӣ бо ин ширкат шуда буд,

Владислав Мичкин инчунин афзуд, тибқи мушоҳидаҳо аксар тоҷирони тоҷик ва ширкатҳои хусусии воридкунандаи дорувор ба харидории анвоъи дару ва таҷҳизоти арзону тақаллубӣ бартарӣ медиҳанд, на ба маҳсулоти ширкатҳои борнуфӯз ва дорои сертификат, ё иҷозатномаи байнулмилалӣ.

Оқои Тағавӣ, намояндаи яке аз ширкатҳои дорусозии бо номи Сомин аз кишвари Эрон мегӯяд ширкати онҳо дар ҳама намоишгоҳҳои пешин низ ширкат варзидааст ва ҳануз чаҳор соли пеш миёни ширкати дорусозии онҳо ва маҳомоти Тоҷикистон гуфтушуниде дар робита ба бунёди як ширкати муштараки дорусозии Эрону Тоҷикистон сурат гирифта буд, аммо то имрӯз ин гуфтшунид болои коғаз боқӣ мондаасту бас.

Дар ҳамин ҳол коршиносони масоили тандурурстии Тоҷикистон мегӯянд, сабаби аслии ба таври бояду шояд рушд накардани ҳамкорӣ бо ширкатҳои бонуфӯзи ҷаҳонӣ, агар аз як ҷониб гаронии нархи доруву даво таҷҳизоти муосири тиббӣ бошад, аз ҷониби дигар касоди молии ниҳодҳои тиббӣ ва ширкатҳои давлатии воридкунандаи маводи тиббии Тоҷикистон будааст.

Ҳусейн Аминов, мудири кафедраи бемориҳои кӯдакона, мегӯяд воқеъанд таҷҳизоте, ки масалан аз ҷониби ширкатҳои бонуфӯзтарини чинӣ дар ин намоишгоҳ ба маъраз гузошта шудааст, барои маркази онҳо, ба истилоҳ, чун обу ҳаво лозим аст, аммо бино ба надоштани имкони молӣ, онҳо наметавонанд ин таҷҳизотро харидорӣ кунанд.

Сайфиддин Мусоев, мудири ширкати «Сино Фарма», ки ба воридот ва фурӯши таҷҳизоти тиббии истеҳсоли ширкатҳои чиноӣ машғул аст, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, сабаби гаронии нархи дорувору таҷҳизоти тиббӣ, ки барои ташхису табобати бисёр бемориҳои шадиди кӯдакона пешбинӣ шудааст, ба он бастагӣ дорад, ки молиёти ворид кардани онҳо ба Тоҷикистон, хеле боло рафтааст.

Бино ба иттилоъи Кумитаи тадорукотии намоишгоҳи байнулмилалии «Тандурустӣ - DIHE-2008», ин намоишгоҳ дар шаҳри Душанбе то 9 октябр идома хоҳад ёфт. Қарор аст, то анҷоми кори он миёни мақомоти Тоҷикистон ва чанде аз ширкатҳои бонуфӯзи дорусозии кишварҳои дуру наздики ҷаҳон қарордодҳои ҳамкорӣ ба тасвиб расонида шаванд.

XS
SM
MD
LG