Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

5 пулиси тоҷик аз роҳи СММ ба Судон мераванд


Бино ба хабари вазорати дохилаи Тоҷикистон, 5 нафар кормадони ин вазорат дар чаҳорчубаи барномаҳои сулҳҷуёнаи СММ ба Судон фиристода мешаванд. Барои таъйини афроди сазовор СММ озмун эълон карда буд ва дар он 25 нафар кормандони вазорати дохилаи Тоҷикистон низ ширкат ҷустанд. Озмун дар чанд марҳала дар шаҳрҳои Душанбе ва Маскав баргузор шуд. Ононе дар озмун пируз шуданд, ки забони инглисиро хуб медонистанд, ронандагиро балад буданд ва дар тирандозӣ маҳорати хуб доранд. Бори нахуст намояндагони Тоҷикистон дар ин барномаи СММ ширкат меҷуянд.

XS
SM
MD
LG