Пайвандҳои дастрасӣ

Раиси порламони Ироқ аз Ирон боздид мекунад


Имруз Маҳмуд ал-Машҳадонӣ-раиси порламони Ироқ вориди Ирон шуд. Як рузи пеш дар Ирон ба ҳавопаймои вай иҷоза надоданд дар Теҳрон фуруд ояд. Оқои Машҳадонӣ бо раҳбарони Ирон муносиботи дуҷонибаро баррасӣ ва бо Маҳмуди Аҳмадинежод-раиси ҷумҳури Ирон мулоқот мекунад. Сухангуи порламони Ирон гуфтааст, рузи душанбе ба сабабҳои фаннӣ ба ҳавопаймои оқои Машҳадонӣ иҷозаи фуруд дода нашудааст ва ин тасмим ба маънии он нест, ки ҷониби Ирон боздидро қабул накардааст. Имруз оқои Машҳадонӣ бо ҳавопаймои худи Ирон вориди Ирон шудааст.
XS
SM
MD
LG