Пайвандҳои дастрасӣ

«Хуҷанд» пешсаф шуд


Ду бозии даври 26-уми мусобиқоти қаҳрамонии лигаи олии футболи Тоҷикистон баргузор шуд.

Дастаи «Хуҷанд»-и Хуҷанд дар майдони худ бар CSKA «Помир»-и Душанбе бо ҳисоби 2:0 ғалаба кард. Бо ҳамин ҳисоб дастаи «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров бар тими меҳмон - «Энергетик»-и Душанбе - пирӯз гардид.

Дар ҳамин ҳол «Хуҷанд» бо 56 имтиёз дар садри ҷадвали мусобиқот қарор гирифтааст. «Регар» ТадАЗ, ки се бозӣ камтар анҷом додааст, бо 53 имтиёз ба ҷои дуввум фуромад.

Муддаъиёни дигари унвони қаҳрамонӣ - «Парвоз» ва «Вахш» - 51-имтиёзӣ ба даст овардаанд. Бо дарназардошти таносуби беҳтари тӯбҳо «Парвоз» ҷои севум ва «Вахш» ҷои чаҳорумро касб кардаанд.

Мавқеъи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот

Ҷ

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т/Т

И

1.

«Хуҷанд»

24

18

2

4

40-16

56

2.

«Регар» ТадАЗ

21

17

2

2

75-20

53

3.

«Парвоз»

22

16

3

3

52-18

51

4.

«Вахш»

23

16

3

4

42-17

51

5.

«Динамо»

24

10

5

9

35-34

35

6.

«Тоҷиктелеком»

25

11

1

13

41-45

34

7.

«Энергетик»

25

10

3

12

40-39

33

8.

CSKA «Помир»

27

6

2

19

18-58

20

9.

«Саройкамар»

25

5

4

16

32-53

19

10.

«Гвардия»

27

5

3

19

23-58

18

11.

«Равшан»

23

4

2

17

23-63

14

Бегоҳи имрӯз – 7-уми октябр – дар варзишгоҳи «Спартак»-и шаҳри Хуҷанд бозии аввали ниманиҳоии Ҷоми футболи Тоҷикистон-2008 байни дастаҳои «Хуҷанд» ва CSKA «Помир»-и Душанбе баргузор мешавад. Бозии дигари ниманиҳоӣ 9-уми октябр дар шаҳри Душанбе байни дастаҳои «Энергетик» ва «Регар» ТадАЗ доир хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG