Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар давоми тамоми рӯзи душанбе қимати саҳом дар бозорҳои ҷаҳонӣ поин рафт ва таҳлилгарон иллати аслии суқути қиматҳоро ба тарси афзояндаи сармоягузорон аз боз ҳам густариш ёфтани бӯҳрони саросарии молӣ бастагӣ медиҳанд.

Нишондиҳандаи аслии маркази молии Амрико - Уол Стрит дирӯз, 6 октябр, боз як рӯзи нохушро пушти сар кард. Доу Ҷонс - шохиси фаъолияти саноатии ИМА рекорди якрӯзаи поинравиро гузошта ба 800 ченаки манфӣ расид. Бори нахустин дар тӯли 4 соли охир Доу Ҷонс ба ҳадди 10 ҳазор ченак поин рафта, шохисҳои умдаи кишвар низ ҳамин тавр то ба 7 дар сад коҳиш ёфтанд.

Чунин раванд дар тамоми бозорҳои бурси ҷаҳон, аз ҷумла Ҷопон, Аврупо ва Русия мушоҳида шудааст. Уфти қимати саҳом бахусус дар Русия эҳсосшаванда буд ва бозорҳои он кишвар дар пайи 14 дарсад поин рафтани шохисҳои аслӣ фурӯши саҳмияҳоро қатъ карданд.

Бар ақидаи таҳлилгарон, уфти босуръати қимати саҳом нишон медиҳад, ки сармоягузорон ба муваффақияти тарҳи 700-миллиарддолларии наҷоти низоми молии Амрико ҳамчунон бо назари шубҳа нигоҳ мекунанд. Бо сабаби ин бӯҳрон, бонкҳо бо мушкили хеле зиёд вомҳоро ҷудо мекунанд ё ин ки аз додани қарз тамоман даст кашидаанд.

Бӯҳрони молӣ ҳамчунин боиси боз ҳам поин рафтани қимати нафт дар бозорҳои ҷаҳонӣ шудааст. Акнун нархи як бушкаи нафти хом камтар аз 90 доллар арзиш дорад, дар ҳоле ки ҳамагӣ се моҳ пеш дар моҳи июл нархи як бушкаи нафт ба 150 доллар наздик шуда буд.

XS
SM
MD
LG