Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Гейтс ҷангиёнро калиди ояндаи Афғонистон номид


Normal 0

Вазири дифоъи Амрико Роберт Гейтс дар ҳавопаймое, ки ӯро ба сафари Аврупо мебарад, ҷангиён дар Афғонистонро калиди ояндаи он кишвар ном бурдааст.

Гейтс гуфтааст, ҷангиёне, ки хоҳиши ҳамкорӣ бо давлатро доранд, бояд ҷузъи ояндаи Афғонистон бошанд, вале нисбат ба онҳое, ки инро намехоҳанд, бояд бархӯрди низомӣ шавад.

Ин изҳори назари Гейтс ба дунболи пахши хабарҳо аз қавли Абдулсаломи Заиф, сафири собиқи Толибон аст, ки гуфт, намояндагони Толибон моҳи гузашта бо мақомоти давлати Афғонистон дар Арабистони Саудӣ мулоқот кардаанд.

Дар посух ба ин суол, ки метавон аз ин талошҳои Саудия истиқбол кард, Роберт Гейтс, вазири дифоъи Амрико гуфт, аз ҳар нафаре, ки нақши созанда бозӣ кунад, истиқбол хоҳад шуд.


XS
SM
MD
LG