Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зеелик хостори тавсиъаи гурӯҳи Ҷи 7 шуд


Normal 0

Раиси Бонки ҷаҳонӣ Роберт Зеелик гуфтааст, сохтори гурӯҳи Ҷи 7 кӯҳна шудаааст ва бояд бо як ниҳоди тозае, ки иқтисодҳои дар ҳоли рушди Осиёву Амрикои Лотиниро низ дар бар бигирад, иваз карда шавад. Ҷи 7 ҳафт кишвари аз нигоҳи саноатӣ пешрафтаи ҷаҳон – Амрико, Канада, Бритониё, Фаронса, Олмон ва Итолиёву Ҷопонро муттаҳид мекунад.

Зеелик, ки қабл аз нишасти муштараки Бонки ҷаҳонӣ ва муассисаи вобастааш – Сандуқи байналмилалии пул – сӯҳбат мекард, ҳамчунин гуфт, бӯҳрони молие, ки ба Амрикову Аврупо асобат кард, зарурати бунёди як низоми фарогир барои муқобила бо чунин чолишҳоро намоиш дод.


XS
SM
MD
LG