Пайвандҳои дастрасӣ

Шумори қурбониҳо дар Олой ба 74 расид


Normal 0

Имрӯз дар Қирғизистон ба ёди қурбониёни заминларзаи шадиди шаби якшанбе рӯзи мотами миллӣ эълон шудааст. Раисиҷумҳури Қирғизистон Қурмонбек Боқиев имрӯз шахсан аз маҳалли фоҷиа – рустои Нури ноҳияи кӯҳистонии Олой, дар наздикии марз бо Тоҷикистону Чин, дидан мекунад.

Бо ин ҳол, мақомоти Қирғизистон мегӯянд, шумори ҳалокшудагон дар асари заминларза ба 74 нафар расидааст.

Тақрибан нисфи қурбониҳои офати табиӣ кӯдакон будаанд.

Душанбе мегӯяд, ин заминларза барои Тоҷикистон, хушбахтона, бидуни талафоти ҷониву молӣ анҷом ёфтааст.


XS
SM
MD
LG