Пайвандҳои дастрасӣ

Лукашенко: "Беларус дар мадори Русия боқӣ мемонад"


Normal 0

Раисиҷумҳури Беларус Александр Лукашенко қабл аз музокироташ бо сарвазири Русия Владимир Путин дар Минск гуфт, Беларус дар мадори Русия боқӣ хоҳад монд ва ӯ равобити зичи кишвараш бо Маскавро ҳифз хоҳад кард.

Лукашенко гуфт, масоиле дар байн матраҳ буд, ки Беларус байни Русия ё Аврупо тиҷорат кунад, вале, афзуд ӯ, Беларус ҳеҷ гоҳ дӯстиаш бо Русияро мавриди муомила қарор нахоҳад дод.

Нархи гази Русия барои Беларус ва минтақаҳои ҷудоиталаби Гурҷистон аз мавзӯъҳои аслии гуфтугӯи Путин бо Лукашенко хоҳанд шуд. Минск дар масъалаи ба расмият шинохтани истиқлолияти Осетияи ҷанубӣ ва Абхозистон то ҳол ба Маскав пайравӣ накардааст.


XS
SM
MD
LG