Пайвандҳои дастрасӣ

Фармондеҳи НАТО - алайҳи маводи мухаддири афғонӣ


Normal 0

Фармондеҳи аршади нирӯҳои паймони низомии НАТО дар Аврупо хостори иттихози иқдомоти шадидтар алайҳи тавлид ва қочоқи маводи мухаддир дар Афғонистон шудааст. Генерал Ҷон Краддок дар Бруксел талошҳои феълӣ дар ин самтро бесамар хонда гуфтааст, НАТО бояд дар ин роҳ иқдом кунад. Генерал Краддок ҳамчунин аз нирӯҳои таҳти фармони НАТО дар Афғонистон даъват кардааст, коргоҳҳои тавлидотӣ ва шабакаҳои қочоқбари маводи мухаддирро ҳадаф бигиранд.

Аксарияти кулли афюн ва ҳероини ҷаҳон тавлиди Афғонистон буда, бино ба гузоришҳо, аз ҳисоби фурӯши маводи мухаддир ба ҷайби ҷангиёни Толибон солона то 100 миллион доллар ворид мешавад.


XS
SM
MD
LG