Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Покистон паноҳандагонро аз Боҷаур берун мекунад


Normal 0

Покистон ба берун кашидани паноҳандагони афғон аз минтақаҳои қабиланишине, ки ба майдони рӯёрӯии байни нирӯҳои давлат ва ҷангиёни марбут ба Толибон ва Ал-Қоида табдил ёфтааст, оғоз кард.

Паноҳандагон ҳанӯз рӯзи 2 октябр дастур гирифтанд, ки минтақаи доғи Боҷаурро тарк кунанд, вагарна иҷборан аз он сарзамин кӯч дода хоҳанд шуд. Сафируллоҳ Вазир, маъмури аршади давлати Покистон дар ин минтақа гуфтааст, ба бовари мақомот, бархе аз паноҳандагон бо ҷангиён ҳамдастӣ доранд.

Дар ҷараёни амалиёти нирӯҳои давлати Покистон дар минтақаи Боҷаур, ки аввали моҳи август оғоз ёфт, бино ба оморҳо, ҳудуди 1000 нафар кушта шудаанд.


XS
SM
MD
LG