Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳвили аҷсоди муҳоҷирон ба Суғд аммо афзудааст


Normal 0

Тайи 9 моҳи аввали соли ҷорӣ аз Русия танҳо ба вилояти Суғд ҷанозаи 176 муҳоҷири тоҷик, аз ҷумла 14 зан, оварда шудааст. Шӯҳрат Аҳмадов, раҳбари Хадамоти муҳоҷирати вазорати умури дохила дар вилояти Суғд гуфт, ин дар ҳолест, ки дар ҳамин давраи соли гузашта ба шимоли Тоҷикистон аз Русия аҷсоди 116 муҳоҷир оварда шуда буд.

Ба гуфтаи ӯ, тақрибан нисфи ин афрод бо марги табии худ даргузашта, 41 сокини Суғд дар Русия дар асари ҳамалот ва 23 нафар бо амри тасодуф ва 9 нафар дар тасодуми нақлиётӣ ҳалок шудаанд. 6 нафар худкушӣ кардаанд, вале иллати марги 25 нафар номаълум боқӣ мемонад.


XS
SM
MD
LG