Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

15 сол ҳукми зиндон бо ҷурми қатли Олимпур


Normal 0

Додгоҳи олии Тоҷикистон Насруллоҳ Шарифов, аз размандагони собиқи мухолифин дар ноҳияи Ваҳдатро қотили аслии Муҳиддини Олимпур, мудири вақти дафтари радиои Би Би Си дар Душанбе эътироф карда ва ӯро ба 15 соли зиндон маҳкум кардааст. Муҳаммадалӣ Юсуфов, сухангӯи Додгоҳи олӣ гуфт, Шарифов 5 соли аввали ҳукмашро дар маҳбас адо хоҳад кард.

Муҳиддини Олимпур, аз журналистони саршиноси тоҷик дар моҳи декабри соли 1995 кушта шуд. То кунун 3 нафари дигар бо ҷурми даст доштан дар ин куштор барои солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон шудаанд.


XS
SM
MD
LG