Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раддубадали лафзӣ байни Маскаву Тифлис


Normal 0

Вазорати хориҷаи Русия рӯзи душанбе Гурҷистонро дигарбора айбдор кардааст, ки талош дорад бо ташкили ҳамалот алайҳи аҳдофи Русия дар минтақа як амалиёти нави низомиро таҳрик диҳад. Ин изҳорот дар пайи ҳалокати 7 аскари рус, бо шумули як афари аршад, дар асари таркиши мошини бамбгузоришуда дар мақари нирӯҳои ҳомии сулҳи Русия дар Схинвалӣ, пойтахти вилояти ҷудоиталаби Осетияи ҷанубӣ нашр мешавад. Аз Абхозистон, вилояти дигари ҷудоихоҳи Гурҷистон, низ гузориш шуда, ки дирӯз як марзбони абхоз дар задухӯрд бо пулиси Гурҷистон кушта шудааст.

Аммо Тифлис ин иттиҳомоти ахири Маскавро бебунёд хонда, мегӯяд, Русия ба хотири боз ҳам ба таъхир андохтани хуруҷи нирӯҳояшбаҳона меҷӯяд.


XS
SM
MD
LG