Пайвандҳои дастрасӣ

Талошҳои Аврупо ба хотири ҷилавгирӣ аз бӯҳрон


Normal 0

Никола Саркозӣ, раисиҷумҳури Фаронса, ки кишвараш раёсати давраии Иттиҳодияи Аврупоро ба ӯҳда дорад, дирӯз гуфт, кишварҳои узви ин созмон ҷиҳати “иттихози тамоми тадобири лозим” ба хотири фурӯ нишондани бӯҳрон ва эҳёи субот дар ин бозорҳо тааҳҳуд супурдаанд.

Ин иқдомот аз ҷумла аз ҷониби бонкҳои марказии ин кишварҳо ба бозор рехтани пули зиёд ва ҳифзи пасандозҳоро фаро хоҳад гирифт.
Вазирони молияи кишварҳои минтақаи евро низ ба хотири баррасии роҳҳои муқобала ба бӯҳрони фазояндаи молӣ дар Люксембург ташкили нишасти дурӯза кардаанд, ки ҳанӯз идома дорад.


XS
SM
MD
LG