Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бомбгузоре 15 нафарро дар Покистон кушт


Normal 0

Мақомоти Покистон мегӯянд, як бомбгузори маргталаб имрӯз 15 нафарро кушта ва Рашид Акбар Нувонӣ як сиёсатмадори шиъамазҳаб ва мухолифи давлатро маҷрӯҳ кард. Ба гуфтаи полис, бомбгузор худро дар миёни издиҳоме, мунфаҷир кард, ки дар хонаи Рашид Акбар Нувонӣ вакили мардумӣ ва узви ҳизби нахуствазири собиқ Навоз Шариф буданд. Ҳодиса дар вилояти Панҷоб дар шаҳри Бҳаккар ба вуқӯъ пайвастааст. Ҳукумати нави Покистон бо тундравони исломие дастбагиребон аст, ки хушунатҳо дар манотиқи марзиро авҷ додаанд. Ин ҳукумат ҳамчунин таҳти фишори сахти Амрикост, ки аз он мехоҳад, тундравонро саркӯб кунад.

XS
SM
MD
LG