Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Аврупо таъсири бӯҳрони молӣ, ки дар Амрико оғоз ёфт, ҳарчӣ бештар эҳсос мешавад ва зоҳиран Аврупо ҳоло меваҳои талхи ин бӯҳронро мечашад.

Тайи чанд рӯзи ахир ҳукуматҳои кишварҳои Аврупо панҷ бонкеро, ки гирифтори мушкилоти молӣ шуданд, аз дами марг наҷот доданд, то бӯҳро дар минтақа амиқтар наравад ва мардуми зиёде амонатҳои худро аз даст надиҳанд. Гузашта аз ин кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо бошитоб мардумро ором мекунанд, ки ҳукумат замонати ҳифзи амонатҳои гузоштаи онҳо дар бонкҳоро медиҳад.

Ягона хабари хуби бӯҳрони молӣ дар Аврупо ин аст, ки то кунун ягон нафар амонатҳои гузоштаи худ дар бонкҳои аврупоиро аз даст надодааст. Тасвири тарсноки вазъи бонкҳои аврупоӣ мардуми соҳиби амонат дар саросари Иттиҳодияи Аврупоро ба воҳима андохтааст. Аз ҷумла мизоҷони, Ҳайпо Реал Эстейт яке аз бонкҳои бузургтарини Олмонро, ки бинобар бӯҳрони молӣ дар Амрико ниҳоят заъиф шуд. Ҳукумати Олмон рӯзи якшанбе эълом кард, ки барои роҳ надодан ба муфлисии ин бонк 50 миллиард евро кӯмакпулӣ пайдо намудааст. Сухангӯи вазорати молияи Олмон Торстен Албиг натиҷаҳои музокироти хастакунандаи ҳукумат ва дигар бонкҳои хусусиро чунин тасвир кард:

«Натиҷа ин аст, ки ниҳодҳои хусусии молӣ 15 миллиард евро фароҳам мекунанд. Ҳукумат низ ҳамон 35 миллиард еврои замонатдодаашро медиҳад. Ва ин созиши хуб аст, ки ба Ҳайпо Реал Эстейт кӯмак карда ва бори зиёдатие барои андозсупорандагон намешавад».

Вазорати молияи Олмон гуфт, ҳукумат бояд бонки мазкурро наҷот медод, зеро варшикастагии дуввумин бонки бузурги тиҷоратӣ, ки барои хариди манзилу бунёди хонаҳо қарз медиҳад, барои иқтисоди Олмон ва дигар муассисаҳои молии Аврупо зиёни беҳисоб мерасонд. Барои ором кардани ҷомеа ҳукумати Олмон ҳамчунин ба мардум ваъда дод, ки амонатҳои онҳоро ҳифз хоҳад кард.

Ангела Меркел, садри аъзами Олмон, гуфт, амонати мардум дар бонкҳо амн аст ва ҳукумати федероли Олмон замонати ҳифзи онро медиҳад. Пештар аз ин кишварҳои дигари Иттиҳодияи Аврупо, аз ҷумла Бритониё, Дания, Юнон, Ирландия ва Шветсия ваъда доданд, ки қисман ва ё ба таври пурра замонати ҳифзи амонатҳои мардум дар бонкҳоро хоҳанд дод. Ҳукумати Бритониё ҳифзи амонатҳои мардум дар бонкҳоро аз 35 ҳазор фунт стерлинг то ба 50 ҳазор фунт стерлинг боло бурд.

Ҳарчанд иқдоми ҳукуматҳо барои замонат додани ҳифзи амонати мардум ба онҳо итминони хотир медиҳад, аммо чизи дигари нигаронкунанда тадбирҳои парокандаи онҳост. Иқдомҳои алоҳида ин нигарониро барангехтааст, ки на ҳамаи кишварҳо сармояи кофӣ барои наҷоти бонкҳои тиҳидастшударо доранд. Ва суоле матраҳ аст, ки чаро кишварҳои узви як иттиҳодия муштаракан ба ин масъала расидагӣ намекунанд. Чун иқтисоди кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо ба ҳамдигар бисёр вобаста аст, бӯҳрони молӣ мисли сӯхтор дар ҷангалзор шуд, ки босуръат паҳн мешавад.

Бонкҳои кишварҳои узв ба осонӣ дар қаламравҳои якдигар фаъолият мекунанд ва пулу қарзи зиёдеро дар ихтиёр доранд, ки масалан барои як кишвари узв тассавурнопазир аст. Иттиҳодияи Аврупо тавре дар масоили сиёсӣ муқаррароти ҳамсони расидагӣ ба масоил дорад, аммо мусаллаҳ бо абзори ягонаи ҳалли мушкили муассисаҳои бузурги молӣ намебошад. Тавре мудири Бонки Марказии Иттиҳодияи Аврупо Жан Клод Трише гуфтааст, Иттиҳодияи Аврупо федератсияи сиёсие нест ва буҷаи ягонаи федералӣ ҳам надорад.

Рӯзи якшанбе чаҳор иқтисоди азимтарини Иттиҳодияи Аврупо Олмону Фаронса ва Бритониёву Итолиё дар масъалаи наҷоти муштараки муассисаҳои молӣ ба мувофиқа нарасиданд ва танҳо ваъда додаанд, ки барои суботи бозорҳои молӣ ҳамроҳ кор хоҳанд кард. Ҳарчанд Фаронса барномаи муштараки наҷоти муассисаҳои молиро пешниҳод кард, аммо ҷавоби Олмон ба ин пешниҳод ҷавоби рад буд, ки мегӯяд, ҳар кишвари узв бояд худаш роҳи ҳал пайдо намояд.

То кунун посухи кишварҳо ҳам дар муқобили бӯҳрони молӣ гуногун будааст, аз ҷумла аввали ҳамин моҳ Белжик, Ҳолланд ва Люксембург муассисаи молии Фортисро наҷот доданд ва Бритониё пас аз харидор наёфтани бонки Бредфорд энд Бинглиро таҳти қаноти худ гирифт.

Ва ҳамингуна чанд кишвари дигар. Ба ҳамин тартиб Аврупо ҳоло дар маркази тӯфони молӣ қарор дорад ва поён рафтани қимати саҳҳом дар бозорҳои молии минтақа нишон медиҳад, ки сармоягузорон мунтазири онанд, ки сиёсатмадорон барои итминони хотир додан ба онҳо посухе пайдо мекунанд.

XS
SM
MD
LG