Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барандагони ҷоизаи Нобелро эълом карданд


Normal 0

Як пажӯҳишгари олмон ва ду ҳамкори фаронсавии ӯ имрӯз баррандаи ҷоизаи мӯътабари Нобел дар соҳаи тиб шуданд, ки ин донишмандон вирусҳои ангезандаи бемории норасоии масӯнияти бадан ва саратони бачандонро ошкор кардаанд. Доварони тақдими ҷоизаи Нобел аз Донишгоҳи Каролинскаи Шветсия донишманди олмонӣ Ҳаралд Тсур Ҳаусенро барои таҳқиқоташ дар мавриди бемории саратони бачадон сазовори ин ҷоиза донистанд. Донишмандони фаронсавӣ Франсуа Баре Синусӣ ва Люк Монтание низ барои ошкор кардани вируси норасоии масунияти бадан сазовори ҷоизаи мӯътабари Нобел эълом шуданд. Ҳарсе донишманд ҷоизаи як миллиону 400 ҳазор доллариро бо ҳам мебинанд. Тақдими ҷоизаҳои мӯътабари Нобел, ки соли 1901 аз тарафи ихтироъкор ва соҳибкори Алфред Нобел таъсис шудааст, ҳар сол аз тақдими ҷоиза дар бахши тиб шурӯъ мешавад.


XS
SM
MD
LG