Пайвандҳои дастрасӣ

Ошуфтагӣ дар бозорҳои молии Аврупо ва Осиё


Normal 0

Бинобар нигарониҳои афзоянда аз миқёси бӯҳрони ҷаҳонии молӣ қимати саҳҳом дар бозорҳои Аврупо ва Осиё имрӯз башиддат суқут кард. Аз ҷумла нархи саҳҳом дар биржаи шаҳри Ландан бештар аз 6 дар сад поён омад, ки дар зарфи чаҳор соли ахир мушоҳида нашудааст. Бозорҳои бурси Франкфурт ва Порис ҳам чунин ҳол доштанд. Дар Русия муомилот бо саҳҳомро мутаввақиф карданд, зеро арзиши саҳмияҳо дар ин кишвар низ ниҳоят арзон шуд. Бозорҳои бурси Осиё низ шоҳиди суқути нархи саҳҳом буданд, аз ҷумла дар бозори бурси Токио қимати саҳҳом ба андозае поён рафт, ки дар чаҳол соли гузашта дида нашудааст. Суқут дар бозорҳои молӣ баёнгари шакку тардид аз муассирии иқдомоти Иёлоти Муттаҳида ва кишварҳои Аврупо аст, ки то чӣ ҳад аз амиқрафти бӯҳрон дар бозорҳои молӣ ҷилавгирӣ мекунанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG