Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Каролинска Институти Шветсия як пажӯҳишгари олмонӣ ва ду пажӯҳишгари фаронсавиро барандаи ҷоизаи Нобел дар бахши тиб эълон намуд.

Ҳаралд Тсур Ҳаусени олмонӣ ба хотири ташхиси ангезаҳои саратони бачадони занон ва Франсуаза Барре-Синуссӣ ва Люк Монтание - ду пажӯҳишгари фаронсавӣ ба хотири кашфи ангезаи камбуди масунияти бадан ва вируси HIV ба гирифтани ҷоизаи Нобел дар соли 2008 сазовор дониста шуданд.

Пажӯҳишгари олмонии саратон Ҳаралд Тсур Ҳаусен ҳангоми чойнӯшӣ дар Маркази ташхиси Саратони шаҳри Ҳейделберги Олмон аз гирифтани ҷоизаи Нобел огаҳӣ ёфт. Хабар Ҳаусени 72-соларо комилан ба ҳаяҷон оварда буд ва ӯ гуфт, намедонад, ки бо ҷоизааш чӣ кор мекунад.

Ҷоизаи имсолаи Нобел ба 10 миллион кронӣ шведӣ ё худ як миллиону чорсад ҳазор доллар баробар аст, ки нисфи он насиби Ҳаусен хоҳад шуд.

Нимаи дуюми ҷоизаро ду пажӯҳишгари фаронсавӣ: хонум Франсуаза Барре-Синуссии 61-сола ва Люк Монтаниеи 76-сола бо ҳам тақсим мекунанд.

Кашфиёте, ки боиси тақдими ҷоизаи Нобел шудаанд, дар солҳои ҳаштодуми қарни гузашта ба вуқӯъ пайвастаанд. Солҳои 1983 ва 84-ум Ҳаусен ду навъи ангезаи варамро ташхис намуд, ки боиси саратони бачадони занон мешаванд. Бар пояи он табибон ваксинаеро, ки ихтироъ намуданд, ки хавфи шуйуъи саратони занонро 95% коҳиш медиҳад. Солона то 500000 ҳодисаи гирифтории занон ба саратони бачадон ташхис мешавад, ки 5% мизони умумии бемории саратон дар саросари оламро ташкил медиҳад.

Монтание ва Барре-Синуссӣ ҳам дар солҳои ҳаштодуми асри гузашта ба таҳқиқи бемории дар он давра номаълум, ки AIDS номгузорӣ шуда буд, шурӯъ намуда, ангезаи камбуд ва ё норасоии масунияти бадан: HIV-ро ташхис намуданд. Ин кашфиёт фаҳмишу ташхиси дурусти беморӣ, табобати он ва тамдиди ҳаёти мардуми гирифтори HIV-ро таъмин намуд.

Ҷоизаи Нобел бар пояи васиятномаи ихтироъкори динамит Алфред Нобел сар аз соли 1901 ба хотири кашфиёту дастовард дар улум, адабиёт ва сулҳ тақдим мешавад.

Ҷоизаи муътабартарини Нобел ҷоизаи сулҳ аст, ки 10-уми октябр эълон хоҳад шуд. Шореҳон бо ишора ба шастумин солгарди қабули Эъломияи умумии ҳуқуқи башари СММ таъкид мекунанд, ки дар рӯйхати довталабҳо шумори зиёди ҳомиёни ҳуқуқи башар ба чашм мехӯрад. Соли гузашта ҷоизаи сулҳи Нобел ба собиқ ноиб-президенти ИМА Алберт Гор ва барномаи таҳқиқи тағйири иқлими СММ тақдим шуда буд.

XS
SM
MD
LG