Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар заминларзаи Қирғизистон 70 тан ҷон додаанд


Мақомоти расмии Қирғизистон мегӯянд, теъдоди қурбониёни заминларзаи шадиди рӯзи якшанбе дар ҷануби кишвар, аз 70 нафар ҳам гузаштааст. Ба гуфтаи вазорати ҳолатҳои фавқуллода, дар заминларза дар ноҳияи Олой ҳамчунин даҳҳо тани дигар маҷрӯҳ шудаанд. Аз ҳама бештар дар ин фалокати табиӣ, рустои Нура воқеъ дар наздикии марзи Чин осеб дидааст, ки дар онҷо 120 хона вайрон шудааст. Ба иттилоъи Муассисаи пажӯҳиши ҷуғрофиёии Амрико, нерӯи заминларза 6, 6 дараҷа будааст ва такони баъд аз заминларза, 5, 1 дараҷа. Бинобар дурии роҳ корҳои наҷот дар минтақаи офат мушкил шудааст.

XS
SM
MD
LG