Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешсафони мусобиқоти лигаи олии футболи Тоҷикистон


Бозиҳои даври 25-уми мусобиқоти қаҳрамонии лигаи олии футболи Тоҷикистон баргузор шуданд.

«Регар» ТадАЗ-и Турсунзода дар меҳмонӣ бар «Равшан»-и Кӯлоб бо ҳисоби 7:3 пирӯз гардид. «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров дар майдони худ бар CSKA «Помир»-и Душанбе бо ҳисоби бузурги 8:0 ғалаба кард. «Хуҷанд»-и Хуҷанд низ бар дастаи меҳмон – «Энергетик»-и Душанбе - бо ҳисоби 3:1 ғолиб шуд. «Вахш»-и Қӯрғонтеппа дар сафар «Гвардия»-и Душанберо бо ҳисоби 2:0 шикаст дод. «Тоҷиктелеком»-и Қӯрғонтеппа низ дар меҳмонӣ «Саройкамар»-и Панҷро бо ҳисоби 5:1 мағлуб сохт. Инчунин дар як бозии даври 26-ум «Тоҷиктелеком» бар дастаи мизбон - «Гвардия» - бо ҳисоби 3:0 пирӯзӣ ба даст овард.

Дар ҳамин ҳол, дар ҷадвали мусобиқот «Регар» ТадАЗ бо 53 имтиёз дар садри ҷадвали мусобиқот қарор гирифтааст. «Хуҷанд» низ 53 имтиёз дорад, вале таносуби тӯбҳои «Регар» ТадАЗ беҳтар мебошад. Аз ин рӯ «Хуҷанд» ҷои дуввумро касб кардааст. «Вахш» бо 51 имтиёз дар ҷои севум қарор дорад. Муддаъии дигари унвони қаҳрамонӣ - «Парвоз» - бо 48 имтиёз дар зинаи чаҳорум ҷойгир шудааст. Бояд тазаккур дод, ки дастаҳои «Регар» ТадАЗ ва «Парвоз» нисбат ба ҳарифони аслиашон - «Хуҷанд» ва «Вахш» - ду бозӣ камтар анҷом додаанд.

Мавқеъи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот

Ҷ

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т/Т

И

1.

«Регар» ТадАЗ

21

17

2

2

75-20

53

2.

«Хуҷанд»

23

17

2

4

38-16

53

3.

«Вахш»

23

16

3

4

42-17

51

4.

«Парвоз»

21

15

3

3

50-18

48

5.

«Динамо»

24

10

5

9

35-34

35

6.

«Энергетик»

24

10

3

11

40-37

33

7.

«Тоҷиктелеком»

24

10

1

13

38-45

31

8.

CSKA «Помир»

26

6

2

18

18-56

20

9.

«Саройкамар»

25

5

4

16

32-53

19

10.

«Гвардия»

26

5

3

18

23-55

18

11.

«Равшан»

23

4

2

17

23-63

14

XS
SM
MD
LG