Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

12 медал дар Қазоқистон


Варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё оид ба армрестлинг ё дастхобонӣ дар шаҳри Алматии Қазоқистон соҳиби 12 медал – 3 тилло, 4 нуқра ва 5 биринҷӣ гардиданд.

Нодирхон Дареғӣ, раиси Федеросиюни армспорти Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳафтумин давраи сабқати қитъавӣ бо ширкати варзишгарони 9 кишвар – Қазоқистон, Қирғизистон, Муғулистон, Тоҷикистон, Узбакистон, Чин, Ҷопон, Ҳиндустон ва Эрон тӯли чаҳор рӯз идома кард. Мусобиқот дар чаҳор гурӯҳ – бузургсолон, ҷавонон, собиқадорон ва варзишгарони маълул баргузор шуд.

Ба ҳайъати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 16 нафар дохил буданд. Тоҷикистон дар ҳисоби дастаӣ пас аз Қазоқистон, Узбакистон ва Қирғизистон дар ҷои чаҳорум қарор гирифт.

Акмал Қодиров дар рақобатҳои инфиродӣ ҳам бо дасти чап ва ҳам бо дасти рост байни варзишгарони маълул дар вазни беш аз 90 кг соҳиби ду медали тилло гардид. Медали севуми тиллои Тоҷикистонро Ҳусейнҷон Қурбонов дар сабқати устодони синни 40-сола ва аз он боло дар вазни то 70 кг ба даст овард. Вай, инчунин, дар рақобатҳо байни собиқадорони синни аз 50-сола боло дар вазни то 75 кг бо медали нуқра мукофотонида шуд.

Фарҳод Комилов дар сабқати дуҳарба байни писарон дар вазни то 50 кг, Роман Арсимеков дар вазни то 80 кг байни мардон ва Парвина Юлдошева дар сабқати занон бо дасти чап ба гирифтани медалҳои нуқра мушарраф гаштанд.

Нигора Гулматова дар сабқати духтарон дар вазни то 70 кг дар дуҳарба, Далер Беков дар рақобатҳо байни мардон дар вазни то 55 кг бо дасти чап, Мавзуна Бобоҷонова миёни занон дар вазни то 50 кг бо дасти рост, Нодирхон Дареғӣ байни собиқадорон дар вазни сангинтарин ва Амонбой Умурзоқов дар сабқати варзишгарони маълул соҳиби медалҳои биринҷӣ гардиданд.

Ба гуфтаи Нодирхон Дареғӣ ғолибону ҷоизадорони мусобиқоти қаҳрамонии Осиё ба сабқати ҷаҳонии армрестлинг, ки аз 29-уми ноябр то 7-уми декабри соли равон дар Канада доир мегардад, роҳ ёфтанд.

Акмал Қодиров - барандаи медали тилло

Парвина Юлдошева - нуқра

Фарҳод Комилов - медали нуқра
XS
SM
MD
LG