Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Wal-Mart” аз пахтаи Узбакистон даст кашид


Ширкати “Уолмарт”, ки соҳиби бузургтарин силсилаи фурӯшгоҳҳо дар ҷаҳон мебошад, аз таъминкунандагони маҳсулот барои фурӯшгоҳҳояш дархост кард, ки ҳангоми тавлиди маҳсулот аз истифодаи пахтае, ки дар Узбакистон парвариш мешавад, даст кашанд. “Уолмарт” аз таъминкунандагонаш даъват кардааст, ки ба нишони эътироз ба истифодаи густардаи нерӯи кӯдакон дар мавсими пахтачинӣ дар ин ҷумҳурии Осиёи марказӣ ба таҳрими саросарии пахтаи Узбакистон бипайванданд.

Ин ширкати бузург шояд барои бори аввал даст ба чунин як иқдоми қотеъ, вале пурэҳсос ва алорағми манфиатҳои иқтисодиаш даст мезанад. Таҳлилгарон мегӯянд, “Уолмарт” зери раҳбарии мудири кунуниаш Ли Скотт дар тӯли се соли охир талош дорад, нисбат ба масоили доғи муҳити зист ва иҷтимоӣ бефарқ ва бетараф набудани ин бузургтарин ширкати колофурӯшии дунёро ба намоиш гузорад.

“Файненшл Таймс” навиштааст, дар аввали соли ҷорӣ “Уолмарт” бузургтарин эътилофи фурӯшандагон ва воридкунандагони амрикоиро ташкил дод, ки моҳи август аз ҳукумат талаб намуд, то барои қатъи истифодаи нерӯи кӯдакон ҳангоми ғунучини пахта дар Узбакистон гомҳои ҷиддӣ бардорад.

Ин дар ҳолест, ки моҳи сентябр мақомоти Узбакистон “тарҳи як барномаи амали милли”-ро, ки дар он аз ҷумла чораҳо барои решакан кардани истифодаи нерӯи наврасони зери синни 15-сола пешбинӣ шудааст, ба тасвиб расонд. Коршиносон тасвиби ин тарҳро истиқбол кардаанд, вале мегӯянд, ин барнома ягон механизми беғараз, мустақил ва хориҷии назорати онро дар назар надорад ва ба ин далел кӣ метавонад замонат диҳад, ки барномаи амали миллии Узбакистон дар маърази иҷро қарор гирифта, ва кӯдакони хурдсол ҳама аз майдонҳои пахта берун хоҳанд шуд?

“Уолмарт” мегӯяд, агар чораҳои барномаи давлати Узбакистонро ягон манбаъи мустақили хориҷӣ тасдиқ кунад, дар ин сурат ширкат тасмимаш дар бораи қатъи истифодаи пахтаи Узбакистонро лағв хоҳад кард.

Ин гоми бузургтарин ширкати фурӯшгоҳӣ, ки ба дунболи ширкатҳои маъруфи Аврупо, назири ширкати бритониёии “Теско” гирифта шуд, аз сӯи маҳофили тиҷоратӣ ва гурӯҳҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар хуш истиқбол шуд. Маркази масъулияти ширкатҳо, як созмони байнулмилалии мақарраш дар Амрико, аз дер боз аз ширкатҳои ин кишвар талаб дорад, ки ба таҳрими пахтаи Узбакистон ҳамроҳ шаванд. Намояндаи расмии Марказ Девид Шилинг нақши мусбати ин иқдом дар таҳияи стротежии ягона ҷиҳати хотима бахшидан ба нақзи ҳуқуқи атфол ва наврасон ва овардани фишори бештар ба Узбакистонро таъкид кард.

Дар охирин гузориши департаменти давлатии ИМА дар бахши марбут ба вазъи ҳуқуқи инсон дар Узбакистон, ки моҳи март ба нашр расид, омадааст, ки дар манотиқи кишоварзии он кишвар истифодаи иҷбории нерӯи ҷавонон ва донишҷӯён дар ғунучини пахта мушоҳида мешавад.

Бо вуҷуди он ки тибқи қонуни асосии Узбакистон истифода аз нерӯи кӯдакон дар кишвар манъ аст, мақомоти Тошканд дар собиқ борҳо гуфта буданд, ки ҳангоми мавсими пахтачинӣ кӯдакон бо ташаббуси худ ба калонсолон дар ғунучини пахта ёрӣ мерасонанд.

Ҳамасола Узбакистон дастикам 800 ҳазор тонна нахи пахта тавлид мекунад, ки ба хазинаи кишвар садҳо миллион доллар даромад меорад. Сеяки ин нах дар корхонаҳои бофандагии кишварҳои мухталифи Осиё ва Аврупо истифода мешавад. Харидории пахта аз хоҷагиҳои пахтакор тибқи нархҳои таъйиншуда ва тавассути се ширкати давлатӣ сурат мегирад, ки баъдан ҳамин се ширкат ин пахтаро дар бозори ҷаҳонӣ ба фурӯш мезананд.

XS
SM
MD
LG