Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Олмерт Русияро аз фурӯши силоҳ ҳушдор медиҳад


Normal 0

Сарвазири рафтагори Исроил Эҳуд Олмерт, ки имрӯз ба Маскав сафар мекунад, гуфт, аз Русия даъват хоҳад кард, душманони Исроилро мусаллаҳ накунад.

Олмерт гуфт, масоили доғу мушкиле, чун “бо силоҳ таъмин кардани афроди номасъули фаъолиятҳояшон мояи нигаронии Исроил”-ро ба Маскав хотирнишон хоҳад кард.

Ин баёния дар ҳоле садо медиҳад, ки бино ба гузоришҳо, Русия дар андешаи фурӯхтани мушакҳо ба Эрону Сурия аст.

Эҳуд Олмерт ба фасод муттаҳам шуда, моҳи гузашта истеъфо дод, вале то ташкил шудани кобинаи нави вазирони Исроил дар мақоми сарвазирии он кишвар боқӣ мемонад.


XS
SM
MD
LG