Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон даст аз ғанисозии ураниум бардоштанӣ нест


Normal 0

Вазири хориҷаи Эрон гуфт, ки Теҳрон фаъолиятҳои ғанисозии ураниумашро қатъ нахоҳад кард, ҳатто агар ниёзмандиҳояш ба маводи сӯхти ҳастаӣ аз хориҷ таъмин шавад. Сафари Эрон дар Созмони байналмилалии назорати нирӯи ҳастаӣ дар ҳафтаи гузашта гуфта буд, ки агар таъмини Эрон бо маводи сӯхти ҳастаӣ аз хориҷ замонат дода шавад, кишвараш омода ҳаст мавзӯъи мунҷамид сохтани фаъолиятҳои ғанисозиашро баррасӣ кунад. Аммо вазири хориҷаи Эрон Манучеҳри Муттакӣ гуфт, Теҳрон ба хотири таъмини нирӯгоҳҳои ҳастаияш бо маводи сӯхт ғанисозиро идома хоҳад дод.

Ғарб бар ин бовар аст, ки Эрон ғанисозии ураниумро ба хотири даст ёфтан ба силоҳҳои ҳастаӣ пеш мебарад ва Теҳрон бо талаби қатъи ин фаъолиятҳояш то кунун се дафъа таҳти таҳримоти СММ қарор гирифтааст.


XS
SM
MD
LG