Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Райс: "Амрико рақиби Русия дар Осиёи Марказӣ нест"


Normal 0

Вазири хориҷаи Амрико Кондолиза Райс дирӯз дар Остона, пойтахти Қазоқистон гуфт, Вошингтон қасди ба тарафи худ кашидани муттаҳидани Русия дар Осиёи Марказиро надорад. Райс афзуд, талоши бунёди равобити наздиктар бо Қазоқистон ба маънии зарба задан ба нуфузи Маскав дар Осиёи Марказӣ нест. Кондолиза Райс, ки ба дунболи сафари Ҳинд барои як рӯз ба Қазоқистон омад, бо раҳбарони ин кишвар аз ҷумла масоили энержиро баррасӣ кард. Амрико дар риштаи нафти Қазоқистон миллиардҳо доллар сармоягузорӣ кардааст.


XS
SM
MD
LG