Пайвандҳои дастрасӣ

Изҳори таассуфи Вардак аз баёнияи генерал Смиф


Normal 0

Вазири дифоъи Афғонистон Абдулраҳим Вардак аз изҳороти ахири фармондеҳи нирӯҳои Бритониё дар ин кишвар генерал Марк Чарлтон-Смиф изҳори таассуф кардааст. Генерал Смиф дар сӯҳбат бо рӯзномаи бритониёии “Сандӣ Таймз” гуфтааст, дар ҷанг алайҳи чирикиҳои Толибон наметавон пирӯз шуд ва ҳоло фурсати музокирот бо Толибон пеш омадааст.

Аммо Вардак дар посух ба ин иддаъо гуфт, ҳадафи давлати Афғонистон ва тамоми ҷомиъаи байналмилалӣ ба даст овардани пирӯзӣ дар ҷанг алайҳи террор аст.


XS
SM
MD
LG