Пайвандҳои дастрасӣ

Хуруҷи нирӯҳои Русия аз манотиқи ҳоил шурӯъ шуд


Normal 0

Бино ба хабарҳо, хуруҷи нирӯҳои Русия аз минтақаҳои ҳоил, ё худ буферии атрофи вилоятҳои ҷудоиталаби Гурҷистон шуруӯъ шудааст. Сухангӯи вазорати дохилаи Гурҷистон гуфт, нирӯҳои русӣ та тарки як посгоҳ дар атрофи Осетияи ҷанубӣ ва посгоҳи дигар дар хориҷ аз Абхозистон оғоз кардаанд. Нозирони ИА аз ин иқдоми Русия истиқбол кардаанд.

Хуруҷи нирӯҳои русӣ аз қаламрави бидуни баҳси Гурҷистон бар асоси қарордоди оташбасе сурат мегирад, ки дар пайи низоъи низомии моҳи август байни Русияву Гурҷистон бо миёнҷигии Иттиҳодияи Аврупо ҳосил шуда буд.
XS
SM
MD
LG