Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

БМТ: "Пасандози худро бо пули сомонӣ нигоҳ доред"


Normal 0

Бӯҳрони ҷаҳонии молӣ ба низоми молии Тоҷикистон таъсири мустақим нахоҳад дошт. Хабаргузории “Росбалт” аз қавли мақомоти Бонки миллии Тоҷикистон менависад, сармояи бонкии Тоҷикистон дар бозорҳои бӯҳронзадаи Амрикову Аврупо ҳузур надорад ва ҳамин тавр, сармояи Ғарб низ то кунун ба низоми бонкии Тоҷикистон роҳ наёфтааст ва ба ин далел, бӯҳрони ҷаҳонӣ ба бонкҳои ин кишвар асобат нахоҳад кард.

Аммо мақомоти бонки миллӣ гуфтаанд, танҳо хатар барои бонкҳо ва мардуми оддӣ уфтухезҳои қурби асъори хориҷист, ки ба суратҳисобҳои бо арзи хориҷӣ беасар намемонад. Ин мақомот ҳифзи сармояи худ бо пули миллии сомониро ҳамчун як роҳи халос кардани худ аз ин “дарди сар” пешниҳод кардаанд.


XS
SM
MD
LG