Пайвандҳои дастрасӣ

Қудрати зилзила дар Тоҷикистон 5- 5,5 балл будааст


Normal 0

Маркази зилзиланигории Душанбе соати тақрибан ҳашти шоми гузашта як заминларзаи шадидро дар қаламрави Тоҷикистон сабт кардааст. Қудрати ин заминларза тибқи ҷадвали Риштер 5 – 5,5 балл ва марказаш тақрибан 500-километрии шимолу шарқи Тоҷикистон баровард шудааст. Шиддати зилзила бавижа дар Хоруғ ва водии Рашт маҳсус буда, дар пойтахти Тоҷикистон шиддати он аз 3 то 4 баллро ташкил додааст. Дар Кумитаи ҳолоти изтирории Тоҷикистон ба хабаргузории ИТАР-ТАСС гуфтаанд, ба онҳо дар бораи кадом хисороти моливу ҷонӣ дар асари ин заминларза гузориш нашудааст. Танҳо аз аввали моҳи сентябр ба ин сӯ дар Тоҷикистон 7 зилзила бо шиддати беш аз 5 балл сабт шудааст.


XS
SM
MD
LG