Пайвандҳои дастрасӣ

Амрико ҳамчунон хостори ҳузураш дар Ирон аст


Кондолизза Райс-вазири хориҷаи Амрико мегуяд, давлати Ҷорҷ Буш барои беҳбуди тамос миёни мардумони Амрико ва Ирон то ҳол масъалаи гушоиши як бахши дипломатӣ дар Иронро баррасӣ мекунад. Вай имруз ҳангоми парвоз ба Қазоқистон зимни суҳбат бо рузноманигорон ин хабарро истисно донист, ки давлати Ҷорҷ Буш чунин масъаларо баррасӣ намекунад. Вай ин пешниҳодро ҷолиб арзёбӣ кард ва гуфт, барои беҳбуди муносибот бо мардуми Ирон, на бо ҳукумати ин кишвар, ин масъала метавонад баррасӣ шавад.

XS
SM
MD
LG