Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Чеченистон хиёбони ба номи Путин пайдо шуд


Хабаргузории Интерфакси Руссия иттилоъ медиҳад, ки дар Грозний-маркази Чеченистон яке аз хиёбонҳои аслӣ номи худро тағир додааст. Ҳоло хиёбони Ғалаба номи хиёбони Путинро гирифтааст. Имруз Рамзан Қодиров-раиси ҷумҳури Чеченистон дар ин бора фармонеро дар ҷараёни ҳамоиши чандҳазорнафарӣ дар Грозний имзо кард. Мардуми гирдиҳамомада дар пояи муҷассамаи Аҳмад Қодиров-падари Рамзан Қодиров дар ҳамин хиёбон дастаҳои гул нисор карданд.

XS
SM
MD
LG