Пайвандҳои дастрасӣ

Таассуфи вазири Афғонистон аз генерали Бритониё


Имруз Абдулраҳими Вардак-вазири дифоъи Афғонистон аз суханони Марк Карлетон Смит -фармондеҳи аршади низомиёни Бритониё дар Афғонистон изҳори таассуф кард. Карлетон Смит дар мусоҳибае бо рузномаи "Сандей Таймз"-чопи Лондон гуфтааст, эҳтимол меравад, ки "пирузии қотеъ" бар Толибон иконнопазир бошад. Вай гуфтааст: " Мо дар ин ҷанг пируз шуданӣ нестем". Ба гуфтаи вай, ҳадафи ин ҷанг коҳиши даргириҳост, то артиши Афғонистон битавонад худаш бо шуришиён биҷангад. Ин фармондеҳи бритониёӣ гуфтааст, барои ҳали сиёсии ин мушкил мардум бояд худро ба имкони музокира бо Толибон омода кунанд. Аммо оқои Вардак гуфтааст, ҳукумати Афғонистон ва маҳофили байналмиллалӣ бовар доранд, ки ҷанг бо терроризм бо пирузӣ анҷом меёбад.

XS
SM
MD
LG