Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хуруҷи нируҳои Руссия аз манотиқи ҳоили Гурҷистон


Нишонаҳое мушоҳида мешавад, ки Руссия ба хуруҷи нируҳои худ аз қаламрави ғайри қобили баҳси Гурҷистон оғоз кардааст. Ин кор тибқи тавофуқоти оташбаси миёни Гурҷистон ва Маскав сурат мегирад, ки бо миёнҷигарии Фаронса ба даст омада буд. Нозирони Иттиҳодияи Аврупо дар Гурҷистон мегуянд, нируҳои Руссия имруз нахустин посгоҳи худро дар минтақаи ҳоил, ки дар Осетиёи Ҷанубӣ ишғол карда буданд, аз миён бардоштанд. Дар посгоҳи дуввум низ парчами Руссияро поин овардаанд. Сухангуи Иттиҳодияи Аврупо мегуяд, чунин кор нишонаи он аст, ки Руссия то 10-уми октябр ваъдаи худро дар бораи хуруҷи нируҳояш иҷро мекунад.

XS
SM
MD
LG