Пайвандҳои дастрасӣ

Интихоботи имрӯза ба шӯроҳои маҳаллӣ дар Қирғизистон баъди соли 2005 нахустин бор сурат мегирад.

15 139 номзад барои ба даст овардани 7 643 курсӣ дар шуроҳои маҳаллӣ мубориза мекунанд. Дар Қирғизистон беш аз 2 млн нафар аҳолии воҷиди шароити раъй ба сар мебарад. Қурмонбек Боқиев, раиси ҷумҳури Қирғизистон, дар яке аз ҳавзаҳои интихоботии Бишкек баъди раъй додан бо рӯзноманигорон суҳбат карда, иддаъои ғайриқонунй будани порлумони кунуниро рад кард. Ӯ дар бораи интихоботи кунунӣ ба радиои Озодӣ, аз ҷумла, чунин гуфт: "Дар ҷараёни интихоботи кунунӣ ба шуроҳои маҳаллӣ ба шуроҳои деҳот, шаҳрҳо ва ноҳияҳо, он гуна, ки ман тасаввур мекунам ва бовар дорам, ҳар раъйдиҳанда бидуни фишор аз ҷонибе ҳаққи худро истифода мекунад, бо майлу хоҳиши худ ва дар фазои озод".

Баъзе аз мухолифони давлат интихоботи порлумонии моҳи декабри соли 2007-ро бино ба тақаллуб дар натиҷаҳои раъйдиҳӣ ғайриқонунӣ меҳисобанд. Гузоришҳои муқаддамотӣ ҳокӣ аз онанд, ки дар марҳалаи омодагӣ ба интихоботи кунунӣ ва имрӯз дар ҷараёни раъйдиҳӣ баъзе қонуншиканиҳо мушоҳида шудааст. Яке аз интихобкунандагон Дилоро Рисбекова ба бахши қирғизии радиои «Озодӣ» гуфт: "Ман омадам, то дар интихобот ширкат кунам. Вале номи ман дар рӯйхат набуд. Ба ман гуфтанд, ки ман бо иҷозаи додгоҳ метавонам ширкат кунам. Ҳоло ман ба додгоҳ меравам, то иҷоза бигирам ва онро ба қитъаи интихоботӣ меорам".

Ин хонум мегӯяд, ки ду нафари дигар аз аъзои хонаводаи онҳо низ дар рӯйхати раъйдиҳандагон набудаанд.

Рӯзи ҷумъа ба даҳҳо нафар фаъъолони "Ҳизби Сабз ", ҳизби мухолифи ҳукумати кишвар, иҷоза надоданд, ки ба ҷонибдорӣ аз номзадҳояшон дар Бишкек мулоқот баргузор кунанд. Дар ҳамин ҳол, баъзе аз фаъъолони ин ҳизб барои муддати кӯтоҳ аз сӯи пулиси Бишкек боздошт ва ҷарима шуданд.
XS
SM
MD
LG