Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Карлетон Смит:Пирузии қотеъ бар Толибон истисност


Марк Карлетон Смит-фармондеҳи аршади низомиёни Бритониё дар Афғонистон дар мусоҳибае бо рузномаи "Сандей Таймз"-чопи Лондон гуфтааст, эҳтимол меравад, ки "пирузии қотеъ" бар Толибон иконнопазир бошад. Вай гуфтааст: " Мо дар ин ҷанг пируз шуданӣ нестем". Ба гуфтаи вай, ҳадафи ин ҷанг коҳиши даргириҳост, то артиши Афғонистон битавонад худаш бо шуришиён биҷангад. Ин фармондеҳи бритониёӣ гуфтааст, барои ҳали сиёсии ин мушкил мардум бояд худро ба имкони музокира бо Толибон омода кунанд.

XS
SM
MD
LG