Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қирғизистон: интихоботи маҳаллӣ ҷараён дорад


Дар Қирғизистон интихоботи маҳаллӣ ҷараён дорад, ки баъди «инқилоби лолаи»-и соли 2005 чунин интихобот бори аввал баргузор мешавад.

15 139 номзад барои ба даст овардани 7 643 курсӣ дар шуроҳои маҳаллӣ мубориза мекунанд. Дар Қирғизистон беш аз 2 млн нафар аҳолии воҷиди шароити раъй ба сар мебарад. Қурмонбек Боқиев, раисҷумҳури Қирғизистон, дар яке аз ҳавзаҳои интихоботии Бишкек баъд аз адои ҳаққи шаҳрвандии худ бо рузноманигорон суҳбат кард. Вай иддаъоро дар ин бора, ки порлумони кунунӣ ғайриқонунист, рад кард.

Инқам дар қолест, ки иддаъо мешавад, интихоботи порлумонии моҳи декабри соли 2007 бино ба тақаллуб дар натиҷаҳои раъйдиҳӣ ғайриқонунист. Вале дар ҳаминҳол, гузоришҳои муқаддамотӣ ҳоккӣ аз онанд, ки дар марҳилаи омодагӣ ба интихоботи кунунӣ ва имруз дар ҷараёни раъйдиҳӣ баъзе қонуншиканиҳо мушоҳида шудааст.

Рузи ҷумъа ба даҳҳо нафар фаъъолони ҳизби мухолифон "Ҳизби Сабз " иҷоза надоданд, ки ба ҷонибдорӣ аз номзадҳояшон дар Бишкек мулоқот баргузор кунанд. Гузашта аз ин, баъзе аз фаъъолони ин ҳизб барои муддати кутоҳ аз суи пулиси Бишкек боздошт ва ҷарима шудаанд.
XS
SM
MD
LG