Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Қирғизистон интихоботи маҳаллӣ ҷараён дорад


Дар Қирғизистон интихоботи маҳаллӣ ҷараён дорад. Баъд аз инқилоби Лолаии соли 2005 чунин интихобот бори аввал баргузор мешавад. 15 ҳазору 139 номзад барои ба даст овардани 7 ҳазору 643 курсӣ дар шуроҳои маҳаллӣ мубориза мекунанд. Дар Қирғизистон беш аз 2 -милён нафар аҳолии воҷиди шароити рай ба сар мебарад. Қурмонбек Боқиев-раиси ҷумҳури Қирғизистон дар яке аз ҳавзаҳои интихоботии Бишкек баъд аз андохтани баргаи рай ба сандуқ бо рузноманигорон суҳбат кард. Вай идаъоро дар ин бора, ки порламони кунунӣ ғайриқонунист, рад кард. Идаъо мешавад, ки интихоботи порламонии моҳи декабри соли 2007 бино ба тақаллуб дар натиҷаҳои райдиҳӣ ғайриқонунист. Бино ба гузоришҳои муқаддамотӣ, дар марҳалаи омодагӣ ба интихоботи кунунӣ ва имруз дар ҷараёни райдиҳӣ баъзе қонуншиканиҳо мушоҳида шудааст. Рузи ҷумъа ба даҳҳо нафар фаъолони "Ҳизби Сабз "- ҳизби мухолифон иҷоза надоданд, ки ба ҷонибдорӣ аз номзадҳояшон дар Бишкек мулоқот баргузор кунанд. Баъзе аз фаъолони ин ҳизб барои муддати кутоҳ аз суи пулиси Бишкек боздошт ва ҷарима шуданд.

XS
SM
MD
LG