Пайвандҳои дастрасӣ

Дируз, 4-уми октябр, дар Қазоқистон интихобот ба маҷлисҳои маҳаллӣ баргузор шуд.

Интихобкунандагон барои 16 ҷой дар Маҷлиси Сено ё Сенати ин кишвар раъй доданд.

Сенат аз 47 намоянда иборат аст ва ин намояндагон барои 3 сол интихоб мешаванд. Бино ба маълумоти тақрибӣ, дар ин интихобот ҷонибдорони Нурсултон Назарбоев, раисҷумҳури феълии кишвар, раъйи бештар ба даст овардаанд.

Дар ҳамин ҳол, Булат Абилов, раҳбари мухолифони давлати Қазоқистон, ба радиои «Озодӣ» дар бораи ин интихобот чунин гуфт: "Росташро гуям, ин интихобот нест. Касе, ки дар Остона аз тарафи раҳбарон таъйид шуда бошад, вай ҳоким мешавад. Дар инҷо интихоботи шаффоф ва озод баргузор намешавад. Мо ба ин интихоботи Сенат бовар надорем".

Нурсултон Назарбоев тақрибан 20 сол боз дарҚазоқистон дар сари қудрат қарор дорад.

Дар интихоботи порлумонии соли 2007 ҳизби ҳокими «Нур-Отан» дар миёни 7 ҳизб аксари курсиҳои порлумонро соҳиб шуда буд.

Қарор аст, натоиҷи интихоботи кунунӣ то 10-уми октябр эълон шаванд.

XS
SM
MD
LG