Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Қазоқистон интихоботи Маҷлиси Болоӣ баргузор шуд


Рузи шанбе дар Қазоқистон интихоботи маҳаллӣ баргузор шуд. Интихобкунандагон барои 16 ҷой дар Маҷлиси Сено ё Сенати ин кишвар рай доданд. Сенат аз 47 намоянда иборат аст ва онҳо барои се сол интихоб мешаванд. Бино ба маълумоти тақрибӣ, дар ин интихобот ҷонибдорони Нурсултон Назарбоев-раиси ҷумҳур райи бештар ба даст овардаанд. Булат Абилов-раҳбари мухолифони давлати Қазоқистон ба радиои Озодӣ дар бораи ин интихобот чунин гуфт:


"Росташро гуям, ин интихобот нест. Касе, ки дар Остона аз тарафи раҳбарон таъйид шуда бошад, вай ҳоким мешавад. Дар ин ҷо интихоботи шаффоф ва озод баргузор намешавад. Мо ба ин интихоботи Сенат бовар надорем".

Оқои Назарбоев тақрибан 20 сол дар ин кишвар дар сари қудрат қарор дорад. Дар интихоботи порламонии соли 2007 ҳизби ҳокими Нур-Отан дар миёни 7 ҳизб аксари курсиҳоро дар порламон ба даст овард. Натиҷаҳои интихоботи кунунӣ то 10-уми октябр эълон мешавад.

XS
SM
MD
LG