Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як симои мондгори фарҳангии Вахонзамин


Баландмақом
Баландмақом

Ахиран ба осорхонаи Мубораки Вахонӣ, ки дар деҳаи Ямги ноҳияи Ишкошим воқеъ мебошад, мақоми ҷумҳуриявӣ дода шудааст.

Ба бовари командони осорхона, ин иқдоми ҳукумат барои ҳифозати осори шоир, олим ва муғаннӣ Суфӣ Мубораки Вахонӣ, ки фаъъолияташ ба охири асри нуҳздаҳум ва авоили асри бистум рост омадааст, инчунин ва намунаҳои ёдгориҳои фарҳангии бостонии маҳал мусоъидат мекунад.

Осорхонаи Суфӣ Муборакқадам, бино бар шахсияти фақулода будан ва фаъъолияти гуногунҷабҳаи эҷодӣ ва таҳқиқотӣ доштани ӯ, мавриди таваҷҷуҳи зиёди зиёраткунандагон қарор мегирад. Адабиётшиноси тоҷик Амирбек Абибов зимни ироаъи маълумот оид ба ҳаёт ва фаъъолияти Мубораки Вахонӣ зикр мекунад, ки бино бар вақти зиёди худро сарфи омӯзишу эҷод ва гӯшанишинӣ ихтиёр кардан ӯ бо лақаби «Суфӣ» миёни мардум маъруф шудааст.

Ба гуфтаи муҳаққиқон, Суфӣ Муборакқадам қабл аз ҳама чун мунаҷҷим машҳур аст. Расадхонае, ки ӯ ҷиҳати муроқибати ҷирмҳои осмонӣ бино намуда буд, ҳанӯз ҳам побарҷост. Олимони Академияи улуми Тоҷикистон зимни муқоисаи натиҷаи нишондоди таҷҳизоти мунаҷҷими маҳаллӣ бо таҷҳизоти ҳозиразамонон дақиқияти асбобҳои Сӯфӣ Муборакқадамро муайян намуданд.

"Санги офтобӣ"

Ин ҳам дар ҳолест, ки ин мунаҷҷим дар фаъъолияти илмии худ аз сангҳо истифода мекардааст, ки «Ҳамалхона», «Чилласанг», «Дарвоза» ва «Санги офтобӣ» ном гирифтаанд. Масалан, «Санги офтобӣ», ки дар байн сӯрохӣ дорад дар маркази расадхона ҷой гирифта буд. Корманди илмии осорхона Ҳайдармамади Маликмамад мегӯяд, замоне ки шуъои офтоб аз равзани «Ҳамалхона», воқеъ дар нуқтаи аз ҳама баланди маҳал, ба сӯрохии санг меафтад, аз қарор гирифтани офтоб дар бурҷи ҳамал ва баробаршавии шабу рӯз далолот мекард.

Ба гуфтаи ин олим, одат шудааст, ки мардуми Вахон дар Наврйз гирди ин санг ҷамъ меоянд ва аз рӯи нишонаҳои он баробаршавии шабу рӯз ва фарорасии иди мубораки Наврӯзро ҷашн мегиранд.

Мубораки Вахониро ҳамчунин бо тахаллуси Булбули хушҳилҳон машҳур буд. Ба таъйиди коршиносон, ӯ 5 намуди созҳои мусиқиро ихтироъ намуда аст, ки яке аз онҳо баландмақом ном дошта аз 19 тор иборат аст ва ҳоло дар Тоҷикистон ягона эътироф шудааст. Бо ин соз муғрннӣ достон ва қасидаҳояшро месурудааст.

Сӯфӣ Муборакқадам осорашро бо ранги махсус ва дар коғази махсуси ихтироънамудааи худ дарҷ менамудааст. Муҳаққиқон ҳамчунин мегӯянд, ки ӯ ин рангро аз рағани гулҳо ва коғазро бо истфода аз гиёҳҳои маҳал, барги гул ва чӯб, зағир ва биринҷ тайёр менамуд ва коғази ихтироънамудаи ӯ босифат ва бадошт буда, аз имтиҳони таърих гузаштааст.

Дар осорхонаи Сӯфӣ Муборакқадам

Наздикони Суфӣ Муборакқадам солҳои таъқибкунии асри гузашта маҷбур шудаанд, ки осори гаронбаҳои ин олиму мутрибро дар замин гӯр кунанд. Хушбахтона, бо вуҷуди гузашти вақт ва таъсири намии хок ин осор қариб пурра то рӯзҳои мо эмин мондаанд.

Мубораки Вахонӣ чун шоир низ шуҳрат доштааст. Муҳаққиқи осори Мубораки Вахонӣ адабиётшинос Гулҳасан Қурбонхонов мегӯяд, ҳарчанд Муборакқадам аслан ашъори сӯфиёна сурудааст, вале онҳо саршор аз мавзӯъоти панду ахлоқӣ ҳастанд.

Ба гуфтаи коршинлслн ва муҳаққиқони осори Мубораки Вахонӣ, аз ӯ 15 асари иборат аз достон, қасоид, ғазалиёт, рубоиёт боқӣ то замони мо омада расидааст.
XS
SM
MD
LG