Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

15 сарбози Туркия ва 23 шуришии курд кушта шудаанд


Низомиёни Туркия мегуянд, дар натиҷаи ҳамлаи шуришиёни курд ба як посгоҳи низомӣ дар ҷануби шарқи Туркия 15 сарбози турк кушта шудаанд. Дар оташи ҷавобӣ низомиёни Туркия 23 шуриширо ба қатл расондаанд. Ҳамлаи рузи ҷумъа ба посгоҳи низомии Туркия дар Седминлӣ, воқеъ дар мобайни марзи Ироқу Ирон барои низомиёни Туркия маргбортарин ҳамла дар соли ҷорӣ будааст. Шуришиёни Ҳизби Коргарии Курдистон ё Пи Кей Кей барои ба даст овардани истиқлол аз Туркия ва Ироқ аз соли 1984 ба ин су мубориза мекунанд.

XS
SM
MD
LG