Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳбарони Аврупо буҳрони молиро баррасӣ мекунанд


Раҳбарони кишварҳои бузурги Аврупо дар Порис дар як мулоқоти изтирорӣ роҳҳои рафъи буҳрони саросарии молиро баррасӣ мекунанд. Ба ин мулоқот Никола Саркозӣ-раиси ҷумҳури Фаронса, ки раёсати давраии Иттиҳодияи Аврупоро бар уҳда дорад, нахуствазирони Бритониё, Итолиё ва Олмонро даъват кардааст. Дар мулоқот ҳамчунин Жан-Клод Тричет-раиси Бонки марказии Аврупо ва Жан-Клод Янке-раиси бахши вазоратхонаҳои молии қаламрави воҳиди пулии евро ширкат доранд. Бино ба хабарҳои расмӣ, қарор аст дар ин мулоқот як низоми суботи вазъи молии Аврупо ба тасвиб расад. Конгресси Амрико барои наҷоти муассисоти молии кишвараш аз буҳрони молии саросарӣ як тарҳи 700 милярд долларӣ ба тасвиб расонд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG