Пайвандҳои дастрасӣ

Боздиди Э.Раҳмон аз минтақаи Рашт идома дорад


Боздиди Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз ноҳияҳои минтақаи Рашт идома дорад. Вай имруз дар идомаи боздидаш аз ин минтақа вориди ноҳияи Тавилдара шуд. Боздиди раиси ҷумҳур 2-юми октябр шуруъ шуд ва вай дар давоми ду рузи гузашта аз ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод ва Ҷиргатол боздид кард. Дар Рашт размандагони мухолифони пешини ҳукумат, ки ҳоло вориди ниҳодҳои амниятии кишвар шудаанд, дар ҷараёни мулоқот бо раиси ҷумҳур қавл доданд, ки аслиҳаи ғайриқонунии худро ба мақомоти давлатӣ таҳвил медиҳанд. Дар ноҳияи Ҷиргатол раиси ҷумҳур дар маросими ифтитоҳи бозори нав ширкат ҷуст.

XS
SM
MD
LG