Пайвандҳои дастрасӣ

Райс ба Ҳинд сафар кард


Вазири хориҷаи Амрико Кандализа Райс бо қасди Ҳинд Вашингтонро тарк кард. Қарор аст то рӯзи 5 октябр дар қатори Деҳлии Нав Райс инчунин аз Қазоқистон низ дидан кунад. Дар Ҳинд вай бо мақомоти ин кишвар мӯҳтавои созишномаи мулкии ҳастаиро баррасӣ хоҳад кард. Вай бояд фардо вориди Ҳинд шавад. Ҳамчунон рӯзҳои истироҳат интизор меравад, ки хонум Райс вориди Остона, пойтахти Қазоқистон шуда бо раиси ҷумҳурии ин кишвар Нурсултон Назарбоев ва мақомоти дигар масоили ҳамкориҳои дуҷониба дар риштаи амният ва иқтисоду энержиро баррасӣ кунад.

XS
SM
MD
LG