Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Танқисии оби нӯшокӣ сокинони шаҳраки Табошар, воқеъ дар оғӯши қаторкӯҳи Қурама, 40 киламетрии шимоли Хуҷандро аз макони зисти худ дилсард кардааст.

Бо вуҷуди он ки дар канори шаҳрак дар миёни кӯҳҳо кӯле бо оби нилобии зоҳиран тоза мавҷ мезанад, аммо дар поини он одамон ва дарахтони лабташна аз беобӣ ранҷ мебаранд. Ҳангоме ки рӯзи 3–юми октбяр вориди шаҳри Табошар шудем, дидем, ки сокинони зиёде, асосан занону духтарон бо зарфҳои гуногуни бисёр дар назди лӯлаи об навбат меистанд: «Дар хонаҳоямон кайҳост, ки об надорем. Ба обгирӣ фақат ҳамин ҷо меоем».

«Кори асосии мою фарзандонамон фақат навбатпоӣ. Охир, бинед, ки об чи хел кам мерезад. Дар чанд дақиқа базӯр як сатил мегирӣ».

«Бинед , аз субҳ то шом доим талошу навбатпоӣ ва ҷангу ҷанҷол».

Бахтиёр Ёқубов, нахустмуовини раиси шаҳри Табошар, дар суҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ки дар ҳоли кунунӣ шабакаи ягонаи обрасон бо собиқаи кори беш аз нимасра фарсуда ва хароб шудааст. Мусоҳибам афзуд, таҷдиди он маблағҳои ҳангуфт мехоҳад ва хазинаи шаҳрдорӣ холӣ аст. Ба гуфтаи вай, дар собиқ тавассути ин шабакаи ягона оби нӯшокӣ ва зироатӣ аз дурии 40 километр, аз рӯди Сир расонида мешуд. Вай афзуд, аҳолии Табошар, ҳудуди 11 ҳазор нафар асосан аз оби чаҳор–панҷ адад чашмаҳои табии маҳал ба сифати нӯшокӣ ва дигар эҳтиёҷоти рӯзгори худ истифода мекарданд.

Ин кули зебо мусаффо радиатсионист ва сокинони Табошар аз наздик шудан ба он меҳаросанд

Аммо аз имсола хушксолӣ чашмаҳо хушкида, сокинон ба мушкили беобӣ мувоҷеҳ шуданд. Хусусан, дар айни гармои моҳҳои июл ва август. Б. Ёқубов афзуд, хати оби нӯшокӣ, ки акнун сокинон аз он ба навбат ба зарфҳо об мегиранд, ахиран бо кӯмаки ҳуқумати ҷумҳурӣ аз дурии тақрибан 10 киламетр кашида шудааст. Он дар 8 нуқта камобеш эҳтиёҷоти сокинони қисмати кӯҳнаи шаҳрро оби нӯшокӣ бароварда месозад .

Вай афзуд, ки барои сокинони қисми нави шаҳр оби чоҳ тавассути насосҳо ва шабакаи ягона дар субҳу шом ду–се соатӣ расонида мешавад ва мушкили сокинони ин қисмати шаҳр камтар аст. Воқеан, мушоҳида кардем, ки бегоҳӣ дар ин қисмати шаҳр анбӯҳи одамон дар назди нуқтаҳои об ба чашм намерасид.

Табошар аз шаҳрҳои собиқи саноатии дарбастаи иттиҳоди шӯравӣ маҳсуб меёфт, ки ҳафтод сол қабл ба хотири истихроҷи урани хом таъсис ёфта буд. Дар рӯзҳои мо аз он таърихи гузаштаи Табошар барои сокинонаш танҳо ин ифтихор мондааст, ки урани хом барои нахустин бомбаи атомии шӯравӣ дар 60 соли қабл маҳз аз синаи кӯҳҳои ҳамин ҷо берун оварда шудааст.

Вале барои имрӯзиёни Табошар танҳо сад гуна мушкил боқӣ монда, ки сокинон камбуди шадиди оби нӯшокиро умдатарини он мехонанд . Бахтиёр Ёқубов, нахустмуовини раиси шаҳри Табошар, ки шаҳрдорӣ як барномаи таъмини шаҳр бо оби тозаро таҳия карда, бахотири дарёфти кӯмаки молӣ ҷиҳати роҳандозии он ба ҳукумати Тоҷикистон ва як идда созмонҳои байнулмилалӣ, аз ҷумла Созмони Миллали Муттаҳид ва Mersy Courps пешниҳод кардааст. Он интиқоли оби тозаи рӯди Уткенсуро аз масофаи наздики 10 киламетр ба Табошар ба воситаи насосҳои обкаш пешбинӣ мекунад. Дар сурати татбиқи ин барнома, мегӯяд Б. Ёқубов, Табошар аз қайди норасоии ҳам оби нӯшокӣ ва ҳам оби зироат раҳо хоҳад гашт.

Зимнан, имрӯз ягона корхонаи калони Табошар, мавсум ба «Заря Востока» дар заминаи тавлиди маъдани уран фаъолияти худро қатъ кардааст.

Ба гуфтаи Гулбаҳор Маматқулова, сардори шӯъбаи оҷонси давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират дар ҳукумати Табошар, аз кор бозмондани корхонаҳои асосӣ ва набуди ҷойҳои корӣ аз миёнаҳои солҳои 90–уми асри гузашта сокинони шаҳракро ба кӯч бастан водор кардааст. Умдатан, мутахассисини русзабон ҳиҷрат кардаанд . Вай афзуд, ки вале дар ҳоли ҳозир кӯчидани сокинон ба назар намерасад, баракс аҳолӣ бар асари зоиш ва омадани афроди нав рӯ ба афзоиш дорад.

Дар канори шаҳри Табошар дар баландӣ, он ҷо ки тӯли даҳҳо сол қалби кӯҳҳоро шикофта, маъдани хоми уранро берун овардаанд ва ба чуқурӣ партови корхонаи коркарди уранро рехтаанд, аз партов ва обҳои зеризаминӣ як кӯл ба вуҷуд омадааст. Оби ин кӯл дар ҳоли ҳозир нилобӣ ва зоҳиран мусаффо ба назар мерасад.

Вақте ки аз баландӣ онро тамошо мекардем, як сокини Табошар, ки моро ҳамроҳӣ мекард ва нахост номаш бурда шавад, гуфт, сокинон на танҳо хаёли оби ин кӯлро берун кашидану истифода намуданро аз сари худ дур кардаанд, балки ҳатто хаёли ба он наздик шудан ҳам онҳоро ба ҳарос меандозад. Вай гуфт, даҳсолаҳо қабл оби пур аз моддаҳои радиоактиви ин кӯл сиёҳ метофт ва атрофи он симхорбандӣ шуда буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG