Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси нави Комиссиюни интихоботҳои Қирғизистон


Аксари кулли вакилони парлумони Қирғизистон бо таъини номзадии Дамир Лисовский ба мақоми раиси нави Комиссиюни марказии интихоботҳои Қирғизистон мувофиқат карданд. Номзадии вайро президент Қурмонбек Боқиев пешниҳод кардааст. Ҳафтаи гузашта Лисовский иҷрокунандаи ин вазифа буд. Раиси пешини комиссиюн Клара Қобилова ба истеъфо рафта гуфтааст, ки таҳдидҳои писари президент Максим Боқиев ӯро водор мекунад, ки ин мақомро канор гузошта аз кишвар фирор кунад. Вай гуфт, ки даъвати Комиссиюни марказии интихоботҳо барои аз зиндон озод шудани як номзади интихоботи маҳаллӣ аз ҳизби мухолифин сабаб шуд, ки Максим Боқиев ба вай фишор оварда таҳдидҳо кунад.
XS
SM
MD
LG