Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бархӯрди номзадҳои мақоми муовини президенти Амрико


Ду номзади мақоми муовини президенти Амрико аз ҳизбҳои ҷумҳурихоҳ ва демократ - Сара Пейлин ва Ҷозеф Байден дар як музоҳираи телевизионӣ дар донишгоҳи Вашингтони Сан-Луис муқобили ҳам қарор гирифтанд. Пейлин барномаи Обама барои берун шудани нирӯҳо аз Ироқро бо баланд кардани парчами сафеди мағлубият шабоҳат дод. Инчунин вай аз омодагии Обама барои гуфтугӯ бо раҳбарони Эрон, Кореяи Ҷанубӣ ва Куба танқид карда онро нишонаи "соддагӣ" ва "қазовати нодуруст" унвон кард. Пейлин гуфт, ки ҷонибдори пайгирии сиёсати шадидлаҳн дар нисбати Эрон мебошад:


"Исроил азият мешавад, дар ҳоле, ки мо бо Аҳмадинажод чун як раҳбари Эрон муносибат мекунем. Эрон иддао дорад, ки Исроил ба қавли вай як ҷасади мурда аст ва ин кишвар бояд аз рӯи замин бардошта шавад. Ҳоло ба раҳбаре мисли Аҳмадинажод, ки дар сурати ба забон овардани ин ҳарфҳо сиҳҳату устувор буда наметонад, набояд имкони дастёбӣ ба энержии ҳастаӣ ва аслиҳаи атомӣ дода шавад".

Дар навбати худ, Байден номзади ҷумҳурихоҳҳо Маккейнро барои дур буданаш аз масоили иқтисодӣ танқид кард. Вай гуфт, ки Маккейн айнан ҳамон сиёсати Бушро идома медиҳад ва аммо дар сурати пирӯзии ӯву Обама онҳо барои баргардонистани Амрико ба мавқеи боэҳтиромаш дар ҷаҳон талош хоҳанд кард:

"Ман нашунидам, ки оё ба чӣ тарз сиёсати Маккейн дар Афғонистон аз он чи ки Буш мебинад, тафовут хоҳад дошт. Ман нашунидам, ки тафовути сиёсати Маккейн аз Буш дар Покистон аз чӣ иборат мешавад. Он дигар шуда метавонад, вале феълан айнан ҳамон аст, ки Буш дорад. Ва шумо медонед, ки ин сиёсат моро то куҷоҳо овард. Аз ҳамин хотир, мову Обама тағйироти чашмрасе хоҳем кард ва мо дубора як давлати боэътимодтарини ҷаҳон хоҳем шуд".

Тибқи қонунҳои ИМА, дар сурати марги ноабаҳангоми раиси ҷумҳурӣ муовини вай ҳақи раҳбарии давлатро ба даст меорад.

XS
SM
MD
LG